Як бананро дар Амрико бо 6,2 миллион доллар фурӯхтанд Attribution+  — Дар музоядаи Сотбис дар Ню-Йорки Амрико, ки бо фурӯши осори ҳунарӣ маъруф аст, як бананеро, ки ба девор бо скотч часпида буд, бо нархи 6,2 миллион доллар фурӯхтанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 min
"Мардум шикоят мекунанд." Нархи газ дар Тоҷикистон аз 8 сомонӣ гузашт Attribution+  — Камчинӣ ва якбора боло рафтани арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон нигаронии сокинон ва ронандагонро ба бор овардааст. Ду ҳафта пеш нархи як литр гази моеъ то 7 сомонӣ буд. Ҳоло дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он аз 7 сомониву 80 дирам то 8 сомониву 20 дирам расидааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 32 min
“Reuters” аз шартҳои Путин барои хатми ҷанг дар Украина хабар дод Attribution+  — Президенти Русия Владимир Путин омода аст, ки оташбас дар Украинаро баъди оғози кори Доналд Трамп бо ӯ баррасӣ кунад, аммо аз заминҳои ишғолкардааш даст намекашад. Дар ин бора хабаргузории “Reuters” бо такя ба панҷ мақомдори баландпояи собиқ ва феълии Русия гузориш додааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 hr
Се сокини Ванҷ зери тарма мондаанд Attribution+  — Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се сокини ноҳияи Ванҷ зери баҳман ё тарма мондаанд. Як нафари онҳо ҳалок, ду каси дигар маҷруҳ шудаааст. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 5 hr
Эълони ҷазои сахттар барои ифлос кардани муҳити зист дар Тоҷикистон Attribution+  — Дар Тоҷикистон ҷазоро барои ифлос кардани муҳити зист, аз ҷумла, андохтани партов сахттар кардаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 5 hr
Панҷ ноболиғи бесаробонро аз Русия ба Тоҷикистон бозгардонданд Attribution+  — Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки 5 шаҳрванди ноболиғи кишвар (се писар ва ду духтар)-ро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан фиристодаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 5 hr
Мирзиёев хост, равуо бо Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ бошад Attribution+  — Президенти Узбекистон гуфтааст, кишвараш ният дорад, равуои шаҳрвандонро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи шиносномаи дохилӣ ба роҳ монад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 5 hr
HRW: Эрон ҳукми қатлро барои саркӯби мухолифон истифода мекунад Attribution+  — Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид кард, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 16 hr
Боздошти як шаҳрванди Олмон дар Русия Attribution+  — Маъмурони амниятии Русия шаҳрванди Олмон Николай Гайдукро дастгир кардаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 17 hr
Ҳокштейн поёни ҷангро байни Исроилу "Ҳизбуллоҳ" имконпазир донист Attribution+  — Фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна хатми ҷангро миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон имконпазир донист. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 17 hr
Чанд хонандаи мактаб дар як тасодуф дар Суғд маҷруҳ шудаанд Attribution+  — Муфаттишон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) тафтиши тасодуф ё садамаи нақлиётиеро оғоз кардаанд, ки дар натиҷаи он чанд хонандаи як мактаб захм бардоштаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 18 hr
"Таҳдид карданд." Даъвати қариб 20 мансабдор ба мурофиаи Аҳмади Иброҳим Attribution+  — Додгоҳ ҳудуди 20 мансабдорро барои шоҳидӣ додан алайҳи Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар вилояти Хатлон, ба мурофиаи додгоҳӣ даъват кардааст. Мурофиаи ӯ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Кӯлоб идома дорад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 19 hr
"Вақте пулро гузарондам, дигар ҷавоб надод" Attribution+  — Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доранд, ки дар озмуни бахтсанҷӣ ё “лоторея” дар шабакаҳои иҷтимоӣ фиреб хӯрда, пули дар Русия бо ранҷ ёфтаи худро аз даст додаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 19 hr
Ҷангҷӯён дар Покистон камаш 11 нерӯи амниятиро куштаанд Attribution+  — Дар тирандозӣ ва таркиши мошини бомбгузоришуда камаш 11 нерӯи амниятии Покистон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 21 hr
Ҳушдори сафорати Амрико дар Киев аз ҳамлаи эҳтимолӣ Attribution+  — Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Киев хабар дод, ки дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҳавоӣ "маълумоти мушаххас" гирифт ва бинобар он рӯзи 20-уми ноябр кор намекунад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 23 hr
Аз Олмон хостаанд, ки ба мақомоти Тоҷикистон фишор биорад Attribution+  — Намояндагони чор созмони байнулмилалӣ аз Олмон хостаанд, ки барои озодии ҳарчи зудтари Дилмурод Эргашев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, ба мақомоти Тоҷикистон фишор биоранд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Тоҷикистон дар бозии дӯстона Афғонистонро шикаст дод Attribution+  — Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар дувумин рақобати дустона мунтахаби миллии Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик -- барандаи ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ Attribution+  — Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик Манучеҳр Холиқназаров ва Жоля Порсӣ, ҳомии ҳуқуқи занон дар Афғонистон, барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шуданд. Бархе инро ҷоизаи Нобел дар бахши ҳуқуқи башар меноманд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Арзонтар аз дигарон. Имтиёзи ҳукумати Тоҷикистон ба "Азот" Attribution+  — Ҳукумати Тоҷикистон ба Корхонаи нуриҳои "Азот" (заводи пешини нуриҳои азотии Вахш), ки соҳибаш эълон нашудааст, имтиёз додааст. Қарори ҳукумат 30-юми октябр баромада, Радиои Озодӣ 11-уми ноябр бо он шинос шуд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Чин эътироф кард, ки як шаҳрвандаш дар Тоҷикистон кушта шудааст Attribution+  — Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамлаи мусаллаҳонаро ба шаҳрвандонаш дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сахт маҳкум карда, аз Душанбе хостааст, ки ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ кунад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Изҳороти Колоколтсев дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Attribution+  — Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, гуфт, ки қонуншикании муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар камтар шудааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Пулис гирдиҳамоии норозиёнро дар Тбилиси бо хушунат пароканда кард Attribution+  — Пулиси Гурҷистон рӯзи 19-уми ноябр гирдиҳамоии эътирозиеро, ки чанд рӯз боз дар Донишгоҳи давлатии Тбилиси (Тифлис) идома дошт, бо хушунат пароканда кард ва хаймаҳои онҳоро бардошт. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Ду кишвари аврупоӣ аз мардум хостаанд, ба буҳрон омода бошанд Attribution+  — Ба миллионҳо сокини Шветсия рӯзи 18-уми ноябр дастуре фиристодаанд, ки чӣ гуна ба ҷанги эҳтимолӣ омода шаванд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 1 d
Марги 6 каси дигар дар ҳамлаи нави Русия ба Сумӣ Attribution+  — Дар ҳамлаи нави Русия ба минтақаи Сумии Украина шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак, кушта шудаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Оғози “Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” дар Душанбе Attribution+  — “Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин маърака имкон медиҳад, ки хоҳишмандон бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ шинос шаванд ва роҳи ояндаи худро интихоб кунанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
"Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ" дар Душанбе Attribution+  — “Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин маърака имкон медиҳад, ки хоҳишмандон бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ шинос шаванд ва роҳи ояндаи худро интихоб кунанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Рухшод Ашӯрбекова, раиси "Рушди Помир", 12 сол зиндонӣ шуд Attribution+  — Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рухшод Ашӯрбекова, раиси созмони қарздиҳии “Рушди Помир”-ро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст. Ду зердасти ӯ, Мурид Мавлоназаров 11 сол ва Умайра Ниёзова 10 сол, аз озодӣ маҳрум гаштанд. Мурид Мавлоназаров солҳои дароз муҳосиби созмони "Рушди Помир" будааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Намояндаи Чин: Ҳузури 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон амнияти минтақаро таҳдид мекунад Attribution+  — Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон мегӯяд, ки ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва вуҷуди онҳо таҳдиди амниятӣ барои Чин ва дигар кишварҳои минтақа аст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Ҳамдуллоҳ Фитрат: Робитаи "Толибон" бо Тоҷикистон хуб мешавад Attribution+  — Як намояндаи ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, ин гурӯҳ дар пайи он аст, ки бо Тоҷикистон равобити хуб барқарор кунад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Тоҷикистон ба Қазоқистон барқ мефурӯшад. Бо кадом шартҳо? Attribution+  — Ҳукумати Тоҷикистон ҷузъиёти шартномаи фурӯши барқи неругоҳи "Роғун"-ро ба Қазоқистон нашр кардааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Алишер Идизода дар ҲДТ ҷойгузини Аҳмадшоҳ Комилзода шуд Attribution+  — Алишер Идизода, хабарнигор ва бародари шоиру рӯзноманигор Искандари Хатлонӣ, муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шуд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
4 соли дигар. Ҳукми нави Чоршанбе Чоршанбиев дар мурофиаи пӯшида Attribution+  — Размикори саршиноси бозиҳои Якҳарбаи омехта (ММА) Чоршанбе Чоршанбиеви 29-сола, ки аз соли 2022 ба ин сӯ бо ҳукми ҳаштуним сол зиндон дар маҳбас аст, дар як мурофиаи пӯшида боз ба 4 соли дигари ҳабс маҳкум шудааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Ҳашт сол зиндон – ҳукми раиси пешини "Маркази Сахаров" Attribution+  — Додгоҳи Русия раиси пешини "Маркази Сахаров" Сергей Лукашевскийро, ки берун аз кишвараш қарор дорад, ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Кремл гуфтааст, Вашингтон "ба оташ равған рехт" Attribution+  — Кремл раисҷумҳури Амрико Ҷо Байденро муттаҳам кард, ки бо лағви маҳдудиятҳо дар мавриди истифода аз мушакҳои дурпарвоз "ба оташ равған рехт" ва дар пайи ташдиди низоъ дар Украина аст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
"Ҳамла бо гап намешавад, натиҷаро мушак нишон медиҳад" Attribution+  — Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида, ба Украина иҷоза додааст, ки барои ҳамла ба дарунтари хоки Русия аз мушакҳои дурпарвози сохти Амрико истифода кунад. Иҷозаи чунин ҳамла моҳҳо боз баҳс мешуд. Амрико то кунун иҷоза надода буд, ки Украина аз мушакҳои дурпарвоз истифода кунад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон “пеш аз муҳлат” иҷро шудааст Attribution+  — Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш, ки моҳи октябри имсол оғоз шуда буд, "пеш аз муҳлат" иҷро гардид. Дар гузашта дар мавсими даъвати ҷавонон ба хидмат шикоятҳо аз "сарбозшикор"-и ҷавонон бештар садо медод. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
"Дар шабакаҳо навиштам, аммо хиёнат накардам." Мурофиаи "талоши табаддулот" Attribution+  — Мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар доираи парвандаи "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе тақрибан чаҳор соат идома кард. Ҳамаи онҳо моҳи июн боздошт шуда, бархе, аз ҷумла Шокирҷон Ҳакимов, иттиҳомро рад кардаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
"Не ҷанг, не Путин!" Эътирози садҳо нафар дар Берлин Attribution+  — Тақрибан ду ҳазор зодаи Русия, аз ҷумла мухолифони президенти Русия Владимир Путин ва ҷанги идомадори ӯ дар Украина, рӯзи 17-уми ноябр дар Берлин гирдиҳамоӣ карданд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
Ҳамлаи Русия ба Сумӣ 11 касро кушт ва 89 нафарро маҷруҳ кард Attribution+  — Мақомоти Украина рӯзи 18-уми ноябр хабар доданд, ки дар ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Сумӣ 11 кас кушта ва 89 нафар маҷруҳ шуд. Маркази маъмурии Сумӣ бе барқ мондааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 2 d
"Барқ нест, пули нафақаро мегирему ангишт мехарем" Attribution+  — Бо сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон шикоят аз “лимит”-и барқ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шудааст. Мақомот чун ҳамеша аз сокинон даъват доранд, ки барои зимистон омодагӣ бинанд. Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки чӣ омодагӣ дидаанд ва хонаҳои худро чӣ гуна гарм мекунанд? ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
"Чиптаи Бонки Шӯхӣ." Ҳушдори мақомот аз пулҳои қалбакӣ Attribution+  — Бонки миллии Тоҷикистон баъди паҳн шудани чанд навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
Расонаҳо: ИМА ба Украина иҷоза додааст, ки бо мушакҳои дурпарвоз ба Русия зарба занад Attribution+  — Баъзе расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки раисҷумҳур Ҷо Байден маҳдудиятҳои истифода аз силоҳҳои амрикоиро барои Украина бекор кардааст. Агар ин хабар тасдиқ шавад, пас Украина дар ниҳоят имкон пайдо мекунад бо мушакҳои дурпарвоз ба дохили Русия зарба занад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
Бозгашт ба "усули бобоӣ". Сокинон дар Тоҷикистон роҳи наҷот аз сардиро меҷӯянд Attribution+  — Бо наздик шудани зимистон ва сардтар гардидани ҳаво аксари сокинони навоҳии Тоҷикистон шикоят доранд, ки бо душворӣ рӯз мегузаронанд. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат барқ мегиранд ва барои гарм кардани хонаҳояшон усулҳои бобоиро истифода мебаранд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
Як зани 54-сола дар Хатлон барои азияти 5 наберааш боздошт шудааст Attribution+  — Як зан бо ҷурми азияти панҷ набераи хурдсолаш дар Хатлон боздошт шудааст. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
Русия бо беш аз 200 мушаку паҳбод ба Украина ҳамла кард Attribution+  — Шаби 17-уми ноябр Русия бо беш аз ду сад мушаку паҳбод ба хоки Украина ҳамла кард. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
Дар ҳамлаҳои нави Исроил даҳҳо фаластинӣ кушта шудааст Attribution+  — Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаҳои Исроил дар ду рӯзи охир дар Ғазза кушта шудаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 3 d
Соли оянда ҷанг дар Украина ба поён мерасад? Attribution+  — Владимир Зеленский, президенти Украина гуфтааст, ки маъмурияти Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико ба ҷанг аз оне, ки интизор аст, зудтар хотима хоҳад дод. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 4 d
Идомаи амалиётҳо ба зидди муҳоҷирон ва бо бераҳмии хос дар Русия Attribution+  — Бо вуҷуди он, ки чанд рӯз пеш Вазорати корҳои дохилии Русия аз анҷоми амалиёти Нелегал-2024  гузориш дод, рейдҳои  нерӯҳои амниятӣ ҳамроҳ бо намояндагони ҳаракати миллатгароёнаи  “Русская Обшина” ва ё Ҷамъияти Русҳо ҳамоно дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар идома дорад. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 4 d
Рӯи раиси Комиссияи интихоботии Гурҷистонро "сиёҳ карданд" Attribution+  — Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 26-уми октябрро тасдиқ кард. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 4 d
Таҳқиқ: "Нӯҳ дар сади духтарон дар Тоҷикистон 18-сола нашуда шавҳар кардаанд" Attribution+  — Як созмони ғайриҳукуматӣ мегӯяд, тақрибан 9 дар сади ҷавондухтарони аз 20-то 24-сола дар Тоҷикистон ба 18-солагӣ нарасида, шавҳар кардаанд. ... Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 4 d